Акка
Акка (лот.Pica pica) — алошақшақа, парандаест маъмул. Дарозии баданаш 45 – 48 см, вазнаш 160 – 260 г; думаш дароз, болу параш сиёҳ, шикам ва паҳлуҳояш сафеди ҷилодор. Нӯлаш рост ва сахт. Дар Тоҷикистон 2 намуди акка (P.p. hemileucoptera ва P. p. bactriana) зиндагӣ мекунад. Ҷойи сукунаташ ҷангал, чакалаку дарахтзори нишебиҳои кӯҳ, паттазорҳои дарёбод ва боғу чорбоғҳост. Моҳҳои март – май аз 5 то 8 тухми сабзча гузошта, дар 18 – 19 рӯз чӯҷа мебарорад. Тухмҳоро модинааш мехобонад. Aккаи нарина дар атрофи лона парвоз карда, ҷуфти худро аз хатар огоҳ мекунад. Рӯзҳои аввали баъди аз тухм баромадани чӯҷаҳо, ғизои аккаи модина ва чӯҷаҳоро аккаи нарина меоварад. Ғизои чӯҷаҳои акка ҳашарот, ҷонварони муҳрадори хурд, тухми рустанӣ ва лоша мебошанд. Чӯҷаҳо баъди 22 – 27 рӯзи аз тухм баромадан парончак мешаванд. Тирамоҳ аккаҳо села-села шуда дар гирду атрофи маҳалҳои аҳолинишин зимистон мегузаронанд. Aкка ҳашароти зараррасонро нест карда, ба кишоварзӣ фоида меорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.