Jump to content

Анбар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анбар

Анбар (ар. العنبـر‎ — хушбӯ‎) — моддаи нарми хушбӯи муммонанд, ки дар аъзои ҳозимаи анбарзо ҳосил мешавад.

Мувофиқи маълумоти баъзе маъхазҳо анбар мумест муаттар, ки дар кӯҳистон занбӯри асал аз гиёҳҳои хушбӯ ҳосил мекунад ва сел шуста ба баҳр меоварад. Онро ҷонвари баҳрӣ фурӯ бурда, ҳазм карда наметавонад ва гашта берун меафканад. Беҳтарини он анбарҳои ашҳаб, соро, кабуд, зард ва ғайра, навъи бадтаринаш манд ё набари сиёҳ мебошад.

Хосиятҳои физикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зичии анбар 900—920 кг/м3, ҳарорати гудозишаш 60°С; дар об ҳал намешавад; дар равған, спирт ва эфир нағз ҳал мешавад. Аз анбари тару тоза бӯи нохуш меояд, вале ҳар қадар куҳна шавад, хушбӯтар мегардад.

Анбар бештар дар атторӣ барои тақвияти накҳат ва табхир нашудани бӯйи атр истифода мешавад. Анбар ҷузъи таркибии «анбарина» ном хушбӯӣ ва доруи машҳури қадимист. Абуалӣ ибни Сино анбарро дар муолиҷаи нуқсҳои дил, мағзи сар ва дигар бемориҳо истифода мекард.

Унсурҳои таркибӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Унсурҳои асосии анбар пайвастҳои политерпении бухорнашаванда — амбреин I (25—45 %), эпикопростанол II (30—40 %) ва ғ. мебошанд. Онҳо ба анбар хосияти тасбити бӯйро мебахшанд. Бӯи анбар аз пайвастҳои камбухор (камтар аз 0,3 %) — амброксид III, кетонҳои сиклӣ, алдегидҳо, спиртҳо ва ғ. вобаста аст. Ҳамаи ин моддаҳо ҳангоми дар ҳаво оксид шудани амбреин ҳосил мегарданд. Анбарро аз дитерпеноидҳои бисиклии рустанигӣ, мас., аз склареола низ ҳосил мекунанд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Анбари бобон — анбари бо бон омехта; бон номи дарахте ва меваи он аст, ки бағоят хушбӯ мешавад.
  • Дар адабиёти бадеӣ анбар сифатҳои гуногун ва маъноҳои маҷозӣ дорад: анбари соро (киноя аз зулфи нозанинон), анбари тар (сиёҳии чашм) ва ғ.