Мадраса
Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, № 603 рус. • ингл. • фр. |
Мадраса (ар. مدرسة ҷои дарс хондан, дарсхона) — таълимгоҳе, ки толибон таҳсили илм мекунанд, дониши худро такмил медиҳанд. Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ Мадраса нахуст дар Бухоро пайдо шуда, соли 937—938 аз сӯхтор нобуд шудааст. Дар ҳудуди асрҳои XI—XII дар кишварҳои ғарбии олами Ислом ҳам таъсис ёфтани Мадраса ба фаъолияти ҳукуматдорони салҷуқӣ, ки ба интишори маданияти эронӣ мусоидат мекарданд, алоқаманд аст.
Мадраса ҳамчун таълимгоҳи олии динӣ дар замони таҷаддуди маданияти тоҷикон (асрҳои IX—X) ба миён омада, асосан ба анъанаҳои таълимии маҳаллӣ (дабиристонҳо) такя дошт. Ба таркиб, тартиботи дохилӣ ва ҳаёти илмии Мадраса дорулфунунҳои антиқии ибтидои асрҳои миёнаи Эдесса, академияи Насибия, дорулфунунҳои Хирону Ганди Шопур таъсири зиёде расонидаанд. Аввалин таълимгоҳи исломӣ Мадрасаи Бағдод — дар шаҳри Бағдод дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ тавассути Абу Ҷаъфар Мансури Давониқӣ бино ниҳода шуд. Дар аҳди Сомониён дар Самарқанд 17 мадраса амал мекард. Дар мадрасаи шаҳри Кият — маркази Хоразм олими маъруф, устоди Берунӣ Абунаср Мансур ибни Алии Ироқӣ дарс медод. Дар мадрасаҳои Самарқанд ҳам олимони номдори аср — Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ, Абӯмансур Муҳаммади Мотридӣ, Абулайси Самарқандӣ ва дигарон дарс мегуфтанд. Дар ибтидои асри XI Мадрасаҳои Нишопур, Балх, Ғазна, Марв дорои китобхонаҳои пурсарвате буданд.
Ба шаҳодати Байҳақӣ дар ноҳияи Хатлон ҳам бештар аз 20 Мадраса мавҷуд будааст. Дар мадрасаи «Ҷомеи арӯси фалак»-и Ғазна, толибон илмҳои «мазҳабию» «мадрасагӣ» касб мeкардаанд. Аввалин мадрасаи китобхонадори Марв дар асри X пайдо шудааст. Муқаддасӣ, ки Мадрасаи Марвро дида будааст, менависад: «Ҳар мударрис ротиба (маош)-е дорад». Ёкути Ҳамавӣ аз байни Мадрасаҳои Марв «Шарафулмулк», «Низомия», «Амдия», «Хотуния» ва «Дутория»-ро ташхис дода, махсус қайд кардааст. Дар Марв дар нимаи аввали асри XI бо унвони «Бану Тамим», дар асри XII бо унвони «Аҳмадия» ва «Шиҳобӣ» Мадрасаҳо мавчуд будаанд. Муаллифи «Китоб-ул-ансоб» «Самъонӣ (1113—1160) аз ҷумлаи мударрисони «Аҳмадия» буд. Адибону мутафаккирони машҳури форсу-тоҷик Рашиди Ватвот, Ҷалолуддини Румӣ аз ҷумлаи таҳсилдидагони мадрасаи «Низомия»-и Балх буданд. Ҳадди охири интишори мадраса дар Осиёи Марказӣ ш. Хутан буд. Яке аз муассисони асосии мадраса вазири маърифатпаноҳи Салҷуқиён Низомулмулк буд. Дар аҳди фаъолияти ӯ дар шаҳрҳои Бағдод, Нишопур, Ҳирот, Балх, Марв, Исфаҳон, Мавсил, Табаристон мадрасаҳо кушода шуданд. Мадрасаҳое, ки бо ташаббуси Низомулмулк кушода шуда буданд, ба шарафи ӯ «Низомия» ном гирифтанд.
Дар асрҳои миёна мадраса ҳақиқатан маркази асосии таълим буда, олимон он ҷо ба тадқиқи илм низ машғул мешуданд. Дар мадраса омузиши фанҳои табииёт мавқеи калон дошт. Олим Майсорӣ, мусаннифи достони «Донишнома» менависад, ки чаҳор илми асосӣ вуҷуд дорад: нуҷум, ҳандаса, тиб, илоҳиёт. Насируддини Тусӣ дар расадхонаи Мароға мадраса таъсис кард. Машғулият дар он ихтиёрӣ буд. Риёзиёт ва диг. фанҳои дақиқ дар мадраса бо усули Осиёи Миёна таълим дода мешуд. Асарҳои Муҳаммади Хоразмӣ «Хисоб-ул-ҷабр ва-л-мукобала», Махмуд ибни Вусудӣ «Лубоб-ул-ҳисоб» ва диг. беҳтарин васоити таълим буданд. Мадрасаҳои давра чандон равияи динӣ надошт, балки дорулфунуни том буд, ки дар таълими он илоҳиёт мавқеи калон надошт. Садриддин Айнӣ қайд мекунад, ки Мадрасаи Алишер Навоӣ дар давраи худ ба унт монанд буд. Дар асри XV Мадрасаи Улуғбек маркази афкори илмии Самарқанд ҳисоб мешуд. Аз мударрисони он олимони барҷастаи Шарқ: Қозизодаи Румӣ, Риёсуддини Ҷамшед, Муинуддини Кошӣ ва дигаронро ном бурдан мумкин аст. А. Ю. Якубовский ва Т. Қорӣ Ниёзӣ қайд кардаанд, ки дар Мадрасаи Улуғбек на фақат илоҳиёт, балки илмҳои дақиқ, аз ҷумла нуҷум низ таълим дода мешуд. Дар асри XV якчанд мадрасаҳо илми тибро таълим медоданд. Мадрасаи Рубъи Рашидӣ (наздикии Табрез) аз ҳамин қабил буд. Дар ин ҷо табибони машҳури Ҳиндустон, Чин, Миср, Сурия дарс медоданд. Ҳар табиб 10 шогирд дошт.
Ҳирот дар асри XV дуто чунин мадраса дошт: Дорушшифои Султонӣ (бо амри Шоҳрух сохта шудааст) ва Шифоия (Навоӣ таъсис додааст) Садриддин Айнӣ менависад:
«Дар он мадраса аз табибҳои ҳозиқи ҳамон замон, ки илми тибро бо амалиёташ медонистанд, Мавлоно Ғиёсуддин Муҳаммад ва Мавлоно Ҷалолиддин барин донишмандон дарс медоданд»
. Дар охири асри XVII дар Регистони Бухоро Мадрасаи дигари Дорушшифо сохта шуд, ки дар он табибони ботаҷриба дарc медоданд ва беморонро муолиҷа мекарданд.
Инчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мадрасаи Бағдод
- Мадрасаи "Мирраҷаб Додхоҳ"
- Мадрасаи Абдулазизхон
- Мадрасаи Абдуллохон
- Мадрасаи Арабмуҳаммадхон
- Мадрасаи Бароқхон
- Мадрасаи Говкушон
- Мадрасаи Девонбегӣ
- Мадрасаи Кӯҳна
- Мадрасаи Мири Араб
- Мадрасаи Миролим Додхоҳ
- Мадрасаи Нав
- Мадрасаи Ойим
- Мадрасаи Раҳмонқул
- Мадрасаи Тиллокорӣ
- Мадрасаи Турсунҷон
- Мадрасаи Улуғбек (Бухоро)
- Мадрасаи Улуғбек (Самарқанд)
- Мадрасаи Халифа Ниёзқул
- Мадрасаи Хоҷа Машҳад
- Мадрасаи Хоҷамашҳад
- Мадрасаи Шердор
- Мадрасаи Қуқалтош
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.