Jump to content

Мис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мис

Мис (Cu) Мис дар қатори оҳан, тило, нуқра, қалъагӣ, қурғошим, симоб аз қадимтарин металлест, ки инсон 10 ҳаз.сол муқаддам онро мешинохт ва 9 ҳаз.сол пеш дар Шарқи Наздик асри халколит (энеолит) эълон шуд. Тахминан 7 ҳаз.сол муқаддам асри мис ба Аврупо гузашт. Дар он ҷо захираи калони мис дар Кипр (ҷазираест дар баҳри Миёназамин) ба мардум маълум буд ва гумон аст, ки аз Кипр истилоҳи лотинии «купрум» пайдо шуд, вале мис («медь») аз калимаи «смида»-и қабилаҳое, ки дар минтақаи европоии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ дар асри биринҷӣ сукунат доштанд, ҳама гуна металлҳоро «Смида» меномиданд, чунки танҳо як металл-«медь» (мис)-ро медонистанду бас. Бо мурури вақт асри мис ба Осиёи Миёна, Кавказ ва дар садаи II пеш аз мелод, то ба Украина расид. Миси асил сурх, сурхи гулобӣ, ёзанда, мулоим, ноқил, вазнин (зичиаш 8,92 г/см3) асту дар 10830С гудохта мешавад, дар ҳавои намнок бо доғҳои сабз пӯшонида мешавад, яке аз металлҳои рангаи саноати ранга ба шумор меравад. Ин аст, ки истифодаи мис аз тамаддуни қадимаи инсоният маълумот медиҳад. Соҳаҳои асосие, ки мис ва хӯлаҳои он истифода мешаванд, электротехника ва электроника (ғалтакҳои аппарати электрикӣ, сим, кабел, резина, қисмҳои эҳтиётии аппаратҳои радио, телевизион, телефон, тамғаҳои чопӣ), мошинсозӣ (қисмҳои двигателу шамолдиҳанда, техникаи кафшерӣ), нақлиёт (қисмҳои пайвасткунандаи қаторҳо, тепловозҳо, киштию тайёраҳо, асбобҳои бонгдиҳанда), саноати кимиё (истеҳсоли катализаторҳо, ранг, намакҳо), сохтмон, кишоварзӣ (истеҳсоли химикатҳои заҳрдор) мебошанд. Масалан, дар ИМА ва Британияи Кабир барои истеҳсоли як мошинаи сабукрав 20 кг мис истифода мешавад. Дар баробари миси тоза хӯлаҳои он: латун (то 30% руҳ дорад), биринҷӣ ё бронза (то 5-30% қалъагӣ), бронзаи алюминӣ (то 5-10 % алюминий), хӯлаи сурбӣ (то 30% сурб дорад), хӯлаи кремнигӣ (то 5 % кремний, хӯлаи бериллий (то 3% бериллий) ва бо никел (мелхиор, нейзилбер ва Константин) дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода мешаванд. Аз ҷумла латун барои тайёр кардани қубурҳо, тунука, механизмҳои соат, асбобҳои амиқ; биринҷии алюминий барои сохтани қисмҳои асосии ҳаракатдиҳанда (двигателҳо)-и авиатсионӣ, приборсозӣ, истеҳсоли соат, ҷавоҳирот, асбобҳои ҷарроҳӣ дар тиб истифода мешавад. Аз биринҷии қалъагӣ ҳайкал мерезанд, баррелеф, кандакорӣ ва зарубориро иҷро мекунанд. Масалан, 2,3 ҳаз. сол муқаддам ҳайкалтарош Харес Колосс Родосский ҳайкалчаи Худои офтоб Гелиофо, ки 32 метр баландӣ дошт, аз хӯлаи мису қалъагӣ рехт, вале баъд аз 50 сол ҳангоми заминларза вай афтид ва аз нав бо хӯлаи мису алюминий ҳайкалро барқарор карданд. Ҳамин тавр 1200 сол пеш буддои вазнаш 400 т. дар Тадайзӣ ва баъдтар дар Санкт-Петербург «Медный всадник» рехта шуданд. Дар асрҳои гузашта (а.15-18) аз хӯлаи биринҷӣ аслиҳаи ҷангӣ (тӯп) ва барои мазҳаби славияниҳо зангӯлаҳо месохтанд, аз ҷумла зангӯлаҳои 40 тонна - Шоҳ-Пушка (с.1586) ва аз 200 тонн биринҷӣ Шоҳ-Зангӯларо (с.1755) Андрей Чохов ва падару писар Маторинҳо бо муваффақият рехтанд, ки ҳоло дар Кремли Москав маҳфузанд. Пётри 1 дар ҷанги Полтава ба муқобили 4 танки свидҳо 72 танкҳоеро истифода бурд, ки аз зангӯлаҳои мазҳаби славиянҳо сохта буданд. Мутахассисон аслиҳаи ҷанги (а.6 пеш аз милод) дар Ирон, Туркия ва Месопотомия аз биринҷӣ сохташударо дарёфт намуда, ба хулосае омаданд, ки калимаи «бронза» (биринҷӣ), ба сифати истилоҳ баъд аз истеҳсоли хӯла пайдо шудааст. Дар ибтидо «бронза» маънои мис аз Брундизия («медь из Брундизия)-ро дошт. Брундизӣ деҳаи портӣ дар соҳили баҳри Адриа воқеъ аст, ки дар он ҷо металли мис савдо мекарданд ва металлургҳои брундизӣ истеҳсоли биринҷиро аз худ намуданд. Номи биринҷӣ аз калимаи тағйирёфтаи туркӣ, номи маҳаллаи Брундизӣ пайдо шудааст. Дар он вақт маркази металлургия дар шаҳрҳои Аврупо ва Осиё дари хешро боз намуда, гудохтани биринҷӣ авҷ мегирифт ва аслиҳаи ҷангӣ, табар, досу болға, корд ва асбобҳои лозими дигар месохтанд. Аз 240 минерали мис миси асил (100% мис), халкопирит-CuFeS2 (34-35%), ковеллин-CuS (66,4%), борнит-Cu5FeS4 (55-69%), халкозии –Cu2S (80%), куприт-Cu2S (89%), малахит-Cu2(OH)2CO3 (57%), азурит – Cu3(OH)2 [CO3]2 (56-69%), хризоколла-Cu8(OH)8(H2O)4 [Si8O20]•8 H2O (36%), сулфосолҳо (56-69%) дар таркибашон мис доранд. Аз конҳои ҷаҳонии мис аз 95 мамлакат 1,6 млрд.т. (01.01.2005 с.) ошкор шуда, 75% онҳо ба 11 мамлакат рост меояд: Чилӣ (24,6%), ИМА (6,4%), Перу (6,1%), Русия (5,8%), Хитой (5,7%), Замбиё (5,2%), Австралия (4,2%), Мексика (4,1%), Индонезия (3,7%), Полша (3,6%) ва Қазоқистон (3,1%). Захираи умумии маъданҳои мис 1,22 млрд.тоннаро (01.01.2005 с.) дар бар мегирад, аз ҷумла: Чилӣ (29,5%), Русия (6,8%), ИМА (%,7%), Хитой (5,2%), Перу (4,9%), Полша (3,9%), Австралия (3,5%), Мексика (3,3), Индонезия (3,1%), Замбиё (2,9%) ва Конго, Монголия, Қазоқистон, Канада, Ўзбекистон, Бразилия, Аргентина ва Перу. Захираи иктишофшудаи ҷаҳон ба 637 млн.т. рост меояд. Захираи калонтарин дар Чилӣ (22%), ИМА (5,5%), Перу (4,7%), Мексика (4,2%), Бразилия (3,5%) макон дорад. Аз ҳама бойтарин маъданҳои мис дар таркиби регсангҳои мисдори Конго (4% миқдори мис), Замбия (2,8%) ва конҳои колчедани мис дар Австралия (2,4%), миқдори ками мис дар Мексика (0,5%) ва Қазоқистон (0,68%)-конҳои мисупорфир мебошанд. Гудохтани мис дар 37 кишвари ҷаҳон 12,38 млн.т. (с.2005) буда, Ҷапон, Чилӣ, Хитой 30%-и онро дар бар мегиранд. Истеҳсоли миси тоза 16,58 млн.т.( с.2005) мебошад, вале талабот ба он 15,5 млн.т. (с.2005) рост меояд. Содироти умумии мис 7 млн.т., воридот 7,7 млн.т. аст. Содирот аз мамолики рӯбатарақкӣ, воридот – тарақкикарда. Содироти калонро Русия (– 500-700 ҳаз.т.) иҷро мекунад. Арзиши миси тоза солҳои 1990-1997 ба 2300-2900 долл./т., солҳои 2004-2005 аз 2865 долл./т. то 3680 долл./т., солҳои 2006-2007 нарх ба 6500-8000 долл./т. рост омад. Заминаи ашёи минералии саноати Русия аз рӯи сифат аз саноати Аврупо монданӣ надорад ва ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Захираҳои дурнамои мис 9,8 млн.т. мебошад. Дар Русия мисро асосан аз конҳои сулфиди мису никел (70-75%), комплекси полиметаллҳо, колчедани мис ва мису руҳ (20-25%) истихроҷ мекунанд. Истихроҷи мис дар Русия 5% аз истихроҷи ҷаҳонӣ бартарӣ дорад, аз кони Норилс ки 62%, региони Урал (Туринское) 34,5% мис истихроҷ намуда, 37 конро дар бар мегирад. Никели Норилск 61% истеҳсоли мис ва гудохтани миси тоза 54% дар Урал ва Таймир ба қайд гирифта шудааст. Содироти никели Норилск 85% содироти миси Русияро дар бар мегирад.

  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Lide, D. R., ed. (2005). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds". CRC Handbook of Chemistry and Physics (PDF) (86th ed.). Boca Raton (FL): CRC Press. ISBN 0-8493-0486-5. 
  3. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4. 

Ҳаволаҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]
Логотипи Викилуғат
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «Лоуренсий» аст
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: